БИНОИ НАВИ АМОНАТБОНК ДАР НУРОБОД

Октябрь 28, 2009 13:43

                 Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — 27 октябри соли равон дар доираи ташрифи Президенти кишвар ба ноҳия Нуробод дар ин шаҳраки навбунёд боз як иншооти навбунёди шӯъбаи дар ноҳияи мазкур будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», мавриди истифода қарор гирифт.                  Лентаи рамзиро дар чорабинии мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва намояндагони мақомоти маҳалии ҳокияти давлатии ноҳия буриданд. Ҳамзамон М. Маҳмадаминов ба кормандон ва мутахассисони шӯъбаи мазкур ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо, ҷалби муштариён ва фарогирии бештари сокинони ноҳия, дастурҳо дод.                   Садорат ва намояндагии Раёсати Бонк дар минтақаи Рашт ва тамоми кормандони шӯъбаи мазкур аз дастгирӣ ва кӯмакҳоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бонк ҷиҳати бо бинои наву замонавӣ ва таҷҳизоти муосири бонкдорӣ таъмин намудани Шӯъбаи №12 изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар назар аст, ки дар оянда вобаста ба шароити фароҳам омада, сатҳи хизматрасониҳоро боло хоҳанд бардошт.                 Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои дохилии бонк сохта шуда, дар сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазонидани он зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ масраф гардид.

Октябрь 28, 2009 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд