БИНОИ НАВИ АМОНАТБОНК ДАР НУРОБОД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — 27 октябри соли равон дар доираи ташрифи Президенти кишвар ба ноҳия Нуробод дар ин шаҳраки навбунёд боз як иншооти навбунёди шӯъбаи дар ноҳияи мазкур будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», мавриди истифода қарор гирифт. Лентаи рамзиро дар чорабинии мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва намояндагони мақомоти маҳалии ҳокияти давлатии ноҳия буриданд. Ҳамзамон М. Маҳмадаминов ба кормандон ва мутахассисони шӯъбаи мазкур ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо, ҷалби муштариён ва фарогирии бештари сокинони ноҳия, дастурҳо дод. Садорат ва намояндагии Раёсати Бонк дар минтақаи Рашт ва тамоми кормандони шӯъбаи мазкур аз дастгирӣ ва кӯмакҳоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бонк ҷиҳати бо бинои наву замонавӣ ва таҷҳизоти муосири бонкдорӣ таъмин намудани Шӯъбаи №12 изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар назар аст, ки дар оянда вобаста ба шароити фароҳам омада, сатҳи хизматрасониҳоро боло хоҳанд бардошт. Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои дохилии бонк сохта шуда, дар сохтмон, таъмир ва муҷаҳҳазонидани он зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ масраф гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






