БОНКҲОИ АВРУПО БА БОЗОРИ ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ ҷамъияти саҳҳомии Trasta komercbanka (ТКВ) намояндагии расмии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Ин дуюмин намояндагии бонки шахсии Латвия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Вобаста ба ин Президенти Trasta komercbankа Гундарс Гриезе изҳор кард, ки: «Аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон зарари кам дидааст, зеро иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи баланд набуд. Имрӯз бошад, беҳтарин шароит ва ҳолат барои оғоз кардани фаъолият дар ин кишвар фаро расидааст. Имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон фаровон аст ва соҳибкорони мо метавонанд дар ин бозор ҷои сазовори худро ёбанд». Ба ақидаи коршиносони бонк, ТКВ нақша дорад ба муштариёни худ барои азхудкунии бозори Тоҷикистон, ки то имрӯз барои соҳибкорони Ғарб пӯшида буд, кӯмаки пулӣ расонад. Соҳибкорони латвиягӣ метавонанд дар соҳаҳои зерин: технологияи иттилоотӣ, саноати хӯрокворӣ сохтмон, коркарди чӯб, мошинасозӣ, истеҳсоли оҳан ва дигар соҳаҳо маҳсулот ва хизматрасонии худро пешниҳод кунанд. Барои соҳибкорони латвиягӣ ҳамкорӣ бо Тоҷикистон имконияти олӣ барои муваффақ шудан дар шароити нави иқтисодӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки Trasta komercbanka аз қадимтарин бонкҳои шахсии Латвия буда, намояндагони он ҳангоми сафари Президенти Латвия Валдис Затлерс барои шиносоӣ ба Тоҷикистон омада буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






