БОЗГАШТИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru ). — 1 ҳазору 500 адад ёдгориҳои таърихӣ дубора ба Осорхонаи миллии Афғонистон баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Абдулкарим Ҳорам ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ» иттилоъ додаст: «Экспонатҳои баргардонидашуда, ки аз таъриху фарҳанг, дину оини қадимаи мардуми Афғонистон башорат медиҳанд, дар яке аз фурудгоҳҳои байналмиллалии Британияи Кабир боздошт карда шуданд». Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шепард Коупер изҳор кард, ки бозгашти ёдгориҳои таърихӣ ба Афғонистон бо дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Салиби Сурхи Британияи Кабир, инчунин талошҳои бевоситаи роҳбарияти ЮНЕСКО имконпазир гашт. Ҳукумати Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кард, ки дар баргардонидани ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии солҳои ҷанг бо роҳи қочоқ аз мамлакат берун кардашуда, кӯмаки амалӣ расонанд. Осорхонаи миллии Афғонистон дар замони ҳукмронии «Толибон» хисороти зиёд дид. Бо фармони роҳбари маънавии «Толибон» Мулло Умар ҳазорон ёдгориҳои таърихӣ аз ин Осорхона пурра ва ё қисман нобуд карда шуданд. Дар вилояти Бомиён муҷассамаи Буддо ба таври ваҳшиёна тарконида шуд, ки боиси нигаронии аҳли башар гашт.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






