БОЗГАШТИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Октябрь 8, 2009 11:50

                 Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru ). — 1 ҳазору 500 адад ёдгориҳои таърихӣ дубора ба Осорхонаи миллии Афғонистон баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Абдулкарим Ҳорам ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ» иттилоъ додаст: «Экспонатҳои баргардонидашуда, ки аз таъриху фарҳанг, дину оини қадимаи мардуми Афғонистон башорат медиҳанд, дар яке аз фурудгоҳҳои байналмиллалии Британияи Кабир боздошт карда шуданд».                Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шепард Коупер изҳор кард, ки бозгашти ёдгориҳои таърихӣ ба Афғонистон бо дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Салиби Сурхи Британияи Кабир, инчунин талошҳои бевоситаи роҳбарияти ЮНЕСКО имконпазир гашт.                Ҳукумати Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост кард, ки дар баргардонидани ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии солҳои ҷанг бо роҳи қочоқ аз мамлакат берун кардашуда, кӯмаки амалӣ расонанд.                 Осорхонаи миллии Афғонистон дар замони ҳукмронии «Толибон» хисороти зиёд дид. Бо фармони роҳбари маънавии «Толибон» Мулло Умар ҳазорон ёдгориҳои таърихӣ аз ин Осорхона пурра ва ё қисман нобуд карда шуданд. Дар вилояти Бомиён муҷассамаи Буддо ба таври ваҳшиёна тарконида шуд, ки боиси нигаронии аҳли башар гашт.

Октябрь 8, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар