БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ ИДОРАИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВӢ

Октябрь 1, 2009 12:45

                Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Яке аз масъалаҳое, ки мо ба мувофиқа расондем ин бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи назорати молиявии давлатӣ буд,- қайд намуд директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов дар нишасти матбуотие, ки бахшида ба маҷлиси нӯҳуми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ баргузор гардид.                 Ӯ қайд намуд, ки «мо бо сардори Палатаи назорати молиявии Федератсияи Русия Сергей Степашин ба ифоқа расидем, ки аз ҳамин сол сар карда дар донишгоҳҳои Русия, аз он ҷумла дар институти илмии таҳқиқотие, ки дар назди палатаи ҳисоботӣ аст бозомӯзии кормандони идораи назорати молиявии моро ба роҳ монем».                 Инчунин, иштирокчиён оид ба нақши мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодиро муҳокима намуданд, ва қайд гардид, ки ҷаласаи навбатӣ соли 2010 дар шаҳри Арманистон баргузор мегардад.                Бояд қайд намуд, ки раёсати Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар давраи навбатӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Октябрь 1, 2009 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд