C. ҶОБИРОВА ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ ТАНДУРУСТИРО МУСБАТ АРЗЁБӢ КАРД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маркази амалигардонии лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ қариб дар тамоми ҷумҳурӣ муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо техникаи компютерӣ таъмин карда ва кормандони соҳа бо таълим фаро гирифта шудаанд, қайд намуданд дар семинаре, ки таҳти унвони «Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ: натиҷаҳои бадастомада, устувории ислоҳоти амаликунандаи лоиҳа» баргузор гардида буд. Дар семинар муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова баромад намуда, қайд кард, ки ин лоиҳа дар ташаккули сиёсати сохтори тандурустӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ саҳми хубе дошта, таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Махсусан кори он дар шаш ноҳияи пилотӣ хеле назаррас буда дар чандин ноҳияҳо корҳои сохтмону таъмири муассисаҳои тандурустӣ анҷом дода шудаанд. Дар семинар инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалии Фонди Оғохон, созмонҳои «Актед», «Ҳайати Шафқат», намояндагони ҳамкорони маблағгузор аз ожонсии шведии SIDA ва ожонсии швейсарии SDC, Бонки Умумиҷаҳонӣ мубодилаи афкор ва ақидаҳои худро оиди кори лоиҳа баён доштанд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






