C. ҶОБИРОВА ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ ТАНДУРУСТИРО МУСБАТ АРЗЁБӢ КАРД

Октябрь 26, 2009 12:59

                Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маркази амалигардонии лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ қариб дар тамоми ҷумҳурӣ муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо техникаи компютерӣ таъмин карда ва кормандони соҳа бо таълим фаро гирифта шудаанд, қайд намуданд дар семинаре, ки таҳти унвони «Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ: натиҷаҳои бадастомада, устувории ислоҳоти амаликунандаи лоиҳа» баргузор гардида буд.                Дар семинар муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова баромад намуда, қайд кард, ки ин лоиҳа дар ташаккули сиёсати сохтори тандурустӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ саҳми хубе дошта, таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Махсусан кори он дар шаш ноҳияи пилотӣ хеле назаррас буда дар чандин ноҳияҳо корҳои сохтмону таъмири муассисаҳои тандурустӣ анҷом дода шудаанд.                 Дар семинар инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалии Фонди Оғохон, созмонҳои «Актед», «Ҳайати Шафқат», намояндагони ҳамкорони маблағгузор аз ожонсии шведии SIDA ва ожонсии швейсарии SDC, Бонки Умумиҷаҳонӣ мубодилаи афкор ва ақидаҳои худро оиди кори лоиҳа баён доштанд. 

Октябрь 26, 2009 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад