ЧАРО ДАР НБО САДАМА БА АМАЛ МЕОЯД?

Октябрь 31, 2009 11:51

                 Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова). — Дар маркази ҷумҳуриявии матбуот бо иштироки роҳбарони вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби мамлакат, намояндагони СММ, Комиссияи Аврупо, мутахассисону олимон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба бехатарии сарбандҳои об маҷлиси машваратӣ баргузор карда шуд.                 «Яке аз сабабҳои асосии сар задани садамаҳои бузурги техникӣ дар иншооти гидроэнергетикӣ дар ҳама рӯи ҷаҳон, на худи сарбандҳо ва иншоот, балки омили одамӣ мебошад, вақте ки хадамоти гуногуни истифодабарӣ омода нестанд ва аз ӯҳдаи бартараф кардани ҳолатҳои садамавӣ саривақт баромада наметавонанд», — ба чунин хулоса омаданд иштирокдорони ин маҷлис.                 Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар Осиёи марказӣ иншооти гидроэнергетикӣ, яке намудҳои паҳншудаи сохтмон мебошад ва ин мушкилот, яъне таъмини бехатарии иншооти гидроэнергетикӣ рӯз то рӯз аҳамияти хоса касб мекунад, зеро сарбандҳои обӣ ҳанӯз 40 — 50 сол пеш бунёд шуда буданд. Бинобар ин иншоот аз мутахассисон масъулияти ҷиддӣ дар истифодабарӣ талаб мекунанд.

Октябрь 31, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд