Д. ҲОТАМОВ АЗ ВАЗЪИ БОЗОРҲОИ КИШВАР ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД

Октябрь 9, 2009 15:49

                 Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «То ба сатҳи бозорҳои байналмилалӣ расидани хизматрасонӣ ва сифатнокии маҳсулот дар бозорҳои мо камбудиҳо зиёданд. Аз ҷумла, набудани шароити хуби санитарӣ, тартиби хизматрасонӣ, бахусус аробакашҳои дохил ва гирду атрофи бозорҳо, ки ба қоидаҳои бозордорӣ мутобиқ нестанд», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 9 октябр директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов.                  Ӯ ҳамчунин аз суйиистифодаи соҳибкорон аз моратория изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки баъзе соҳибкорон ба ҳар восита аз фурсати муносиб истифода бурда, фурӯзонакҳои каммасрафи бесифатро ба бозор ворид мекунанд. Роҷеъ ба ин масъала, аз ҷониби шаҳрвандон низ аризаҳои шикоятии зиёд ба унвони роҳбарияти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ворид шудаанд, ки нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.                 «Ҳамин чизро махсус бояд таъқид кард, ки бо вуҷуди камбудиҳои зикршуда, вазъи бозорҳои ҷумҳурӣ нисбати солҳои қаблӣ хеле хуб шудааст, веле ин моро ҳоло ҳам қаноатманд намекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати ба сатҳи байналмилалӣ расонидани бозорҳои кишвар ҳамаҷониба кӯшиш кард», — идома дод директори Агентӣ. Маврид ба зикр аст, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» 2 ҳазору 240 санҷиши риояи стандартҳо гузаронида шуда, 538 партияи маҳсулот бо сабабҳои ғайристандартӣ аз фурӯш боздошта шуданд. Аз ҷумла, 268 ҳазору 469 кг орди гандумӣ, 2 ҳазору 237 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1 ҳазору 828 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1 ҳазору 262 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 37 ҳазору 775 адад консерва, 1 ҳазору 25 кг ҳасиб ва ғайра ғайристандартӣ дониста шуда, аз фурӯш боз дошта шуда, аз нав коркард ва ё қисман нобуд карда шуданд.  

Октябрь 9, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад