Д. ҲОТАМОВ АЗ ВАЗЪИ БОЗОРҲОИ КИШВАР ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «То ба сатҳи бозорҳои байналмилалӣ расидани хизматрасонӣ ва сифатнокии маҳсулот дар бозорҳои мо камбудиҳо зиёданд. Аз ҷумла, набудани шароити хуби санитарӣ, тартиби хизматрасонӣ, бахусус аробакашҳои дохил ва гирду атрофи бозорҳо, ки ба қоидаҳои бозордорӣ мутобиқ нестанд», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 9 октябр директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов. Ӯ ҳамчунин аз суйиистифодаи соҳибкорон аз моратория изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки баъзе соҳибкорон ба ҳар восита аз фурсати муносиб истифода бурда, фурӯзонакҳои каммасрафи бесифатро ба бозор ворид мекунанд. Роҷеъ ба ин масъала, аз ҷониби шаҳрвандон низ аризаҳои шикоятии зиёд ба унвони роҳбарияти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ворид шудаанд, ки нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. «Ҳамин чизро махсус бояд таъқид кард, ки бо вуҷуди камбудиҳои зикршуда, вазъи бозорҳои ҷумҳурӣ нисбати солҳои қаблӣ хеле хуб шудааст, веле ин моро ҳоло ҳам қаноатманд намекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷиҳати ба сатҳи байналмилалӣ расонидани бозорҳои кишвар ҳамаҷониба кӯшиш кард», — идома дод директори Агентӣ. Маврид ба зикр аст, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» 2 ҳазору 240 санҷиши риояи стандартҳо гузаронида шуда, 538 партияи маҳсулот бо сабабҳои ғайристандартӣ аз фурӯш боздошта шуданд. Аз ҷумла, 268 ҳазору 469 кг орди гандумӣ, 2 ҳазору 237 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1 ҳазору 828 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1 ҳазору 262 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 37 ҳазору 775 адад консерва, 1 ҳазору 25 кг ҳасиб ва ғайра ғайристандартӣ дониста шуда, аз фурӯш боз дошта шуда, аз нав коркард ва ё қисман нобуд карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






