ДАР БИНОИ СММ 10 НАФАРРО КУШТАНД

Октябрь 29, 2009 12:43

                 Кобул, 29 октябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Мувофиқи хабарҳои охирин дар натиҷаи ҳуҷуми ҷанговарони Ҳаракати «Толибон» ба бинои СММ дар Кобул 10 нафар, аз ҷумла 6 корманди Созмони Милали Муттаҳид кушта шуданд. Ҳамчунин дар натиҷаи ин ҳуҷум, ки субҳи 28 октябр рух дод, 9 корманди дигари СММ ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд, — иттилоъ медиҳад Associated Press.                 Бинои идораи СММ дар маркази Кобул аз тарафи гурӯҳи ҷанговарони ҳаракати «Толибон» иҳота ва забт карда шуд. Ҳангоми ин амалиёти террористӣ аксари шаҳрвандони хориҷии дар дохили бино қарордошта, имконият ёфтанд, ки худро аз марг наҷот диҳанд.                   Ба ақидаи коршиносон мақсад аз ин амали террористӣ мураккаб кардани вазъият дар давраи пешазинтихоботии президенти мамлакат мебошад. 

Октябрь 29, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд