ДАР ДУШАНБЕ ХОТИРАИ НЕКИ НАХУСТИН ВАЗИРИ МАОРИФРО ПОС МЕДОРАНД

Октябрь 17, 2009 11:18

                Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19 октябр дар шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти 110-солагии аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Алиев конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.               Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар конфронс вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, донишмандони шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камол Айнӣ, собиқадорони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва пайвандони нахустин вазири маорифи ҷумҳурӣ доир ба шахсият ва ҳаёту фаъолияти чеҳраи шинохтаи миллати тоҷик Аббос Алиев бо маърӯза баромад мекунанд.                Бояд зикр кард, ки ходими намоёни давлатӣ, нахустин поягузори мактабҳои сохти Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Алиев бо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани низоми нави таҳсил ва маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузошта, дар ин самт корҳои шоёнро ба анҷом расонидааст. Аббос Алиев ҳамчун нахустин муассисони маорифи халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Октябрь 17, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд