ДАР ДУШАНБЕ ХОТИРАИ НЕКИ НАХУСТИН ВАЗИРИ МАОРИФРО ПОС МЕДОРАНД
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19 октябр дар шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти 110-солагии аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Алиев конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар конфронс вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, донишмандони шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ, Камол Айнӣ, собиқадорони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва пайвандони нахустин вазири маорифи ҷумҳурӣ доир ба шахсият ва ҳаёту фаъолияти чеҳраи шинохтаи миллати тоҷик Аббос Алиев бо маърӯза баромад мекунанд. Бояд зикр кард, ки ходими намоёни давлатӣ, нахустин поягузори мактабҳои сохти Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Алиев бо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани низоми нави таҳсил ва маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузошта, дар ин самт корҳои шоёнро ба анҷом расонидааст. Аббос Алиев ҳамчун нахустин муассисони маорифи халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






