ДАР СЕ НОҲИЯ МАРКАЗҲОИ ҶАВОНОН ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, нашъамандӣ, дарсгурезӣ ва ҳозир шудан бо мошини сабукрав, истифодаи телефонҳои мобилӣ як қатор вохӯриҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардида истодааст, қайд намуд дар нишасти матуботӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Дар нӯҳ моҳи сипаригашта, мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумита, Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи кор бо занон ва оила амалиёти муштарак бобати пешгирии танфурӯшӣ дар байни ҷавондухтарон гузаронида шуданд. Дар ин ҷараён аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Дар самти татбиқи Барномаи стратегияи «Ташаббусҳои хайрхоҳона ба ҷавонон» дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон 30 марказҳои маърифатӣ-иттилоотии хайрхоҳона барои ҷавонон фаъолият доранд, ки 200 ихтиёриёни ҷавонро фаро гирифтаанд ва дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон кор мебаранд. Инчунин, қайд намуданд, ки Лоиҳаи фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди имконоти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон то июни соли 2011 тамдид ёфт, ки дар доираи он дар ноҳияҳои Ҳисор, Данғара ва Исфара Марказҳои ҷавонон бо хизматрасонии маҷмӯӣ таъсис дода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






