ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҲСИЛОТИ 12 — СОЛА ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов 5 октябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, аз соли 2014 сар карда, дар мамлакат таҳсилоти миёнаи 12 — сола ҷорӣ карда мешавад. Алҳол дар вазорат барои ҷорӣ намудани таҳсилоти 12 — сола ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд. Барои ин меёрҳои нави таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳо тартиб дода мешаванд, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқат доранд. Дар даври дуюми тайёрӣ ба таҳсилоти 12 — сола нашри китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои методӣ барои омӯзгорон оғоз меёбад. Вазири маориф зикр намуд, ки ҳадафи ин иқдом ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ сохтани низоми таълим дар мамлакат мебошад. Вай қайд кард, ки айни ҳол дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо чанд сол боз таҳсилоти миёнаи 18 – сола ҷорӣ карда шудааст. Вазорати маорифи Тоҷикистон соли 2009 бо вазоратҳои маорифи мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ дар бобати ҳамкорӣ 14 созишномаю қарордод имзо кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






