ДАРАВИ ГАНДУМ БА ОХИР РАСИД, КӮФТАНИ ОН ДАВОМ ДОРАД

Октябрь 7, 2009 09:12

                Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мутобиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии гандум аз майдони 253,8 ҳазор гектар саривақтӣ анҷом дода шуда, кӯфта гирифтани он дар як қисм ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон давом дорад.                 Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили ҷамъоваришудаи гандум наздик ба 1 млн. тонна расонида шудааст. Бори аввал аст, ки дар давоми мавҷудияти таърихи кишвар чунин миқдори гандум ҷамъоварӣ мешавад.                Агар ҳосилнокии гандум дар соли 2008 аз ҳар гектар 18 сентнериро ташкил дода бошад, дар соли ҷорӣ он ба 27 сентнерӣ расонида шудааст.                  Ба гуфти мутахассисони соҳа натиҷаи баланд шудани ҳосил ин пеш аз ҳама ба тухмии хушсифате вобаста аст, ки соли гузашта аз хориҷи кишвар ворид ва барои кишт ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда дода шуда буд.  

Октябрь 7, 2009 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд