ДАРХОСТИ ТОҶИКИСТОН АЗ СММ
Ню – Йорк, 8 октябр. (АМИТ «Ховар» — in.org) – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар Кумитаи дуввуми сессияи 64 –уми Ассамблеяи генералии СММ баромад карда дархост намуд, ки қарори иловагӣ оид ба мушкилоти об қабул карда шавад. «- Аз лаҳзаи қабул шудани қарор дар бораи об аллакай панҷ сол гузашт ва қабули қарори нав барои дар амал татбиқ намудани марому мақсадҳои пешбинишуда мусоидат хоҳад кард». «Дастрасӣ ба манбаъҳои энергетикӣ дар ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз байн бурдани камбизоатию гуруснагӣ ва беҳтар кардани муҳити зист нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, барои рушди бомайлон ва ҳаматарафаи соҳаи гидроэнергетика татбирҳои амалӣ меандешад. Дар мамлакат сохтмони як қатор НБО – и хурду миёна ва азим идома дорад, ки на танҳо аз ҷиҳати истеҳсоли барқ барои Тоҷикистон, балки барои обёрии заминҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосаро касб мекунад». Намояндаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 22 марти соли 2010 натиҷаҳои панҷсолаи аввали Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт 2005-2015» ҷамъбаст шуда, дар доираи салоҳияти Ассамблеяи генералӣ 22 марти соли 2010 барои амалӣ кардани нақшаҳои Даҳсолаи байналмиллалӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, сохторҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ Муколама дар сатҳи олӣ ташкил карда шавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






