ДАРХОСТИ ТОҶИКИСТОН АЗ СММ

Октябрь 8, 2009 11:51

                 Ню – Йорк, 8 октябр. (АМИТ «Ховар» — in.org) – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар Кумитаи дуввуми сессияи 64 –уми Ассамблеяи генералии СММ баромад карда дархост намуд, ки қарори иловагӣ оид ба мушкилоти об қабул карда шавад. «- Аз лаҳзаи қабул шудани қарор дар бораи об аллакай панҷ сол гузашт ва қабули қарори нав барои дар амал татбиқ намудани марому мақсадҳои пешбинишуда мусоидат хоҳад кард».                   «Дастрасӣ ба манбаъҳои энергетикӣ дар ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз байн бурдани камбизоатию гуруснагӣ ва беҳтар кардани муҳити зист нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, барои рушди бомайлон ва ҳаматарафаи соҳаи гидроэнергетика татбирҳои амалӣ меандешад. Дар мамлакат сохтмони як қатор НБО – и хурду миёна ва азим идома дорад, ки на танҳо аз ҷиҳати истеҳсоли барқ барои Тоҷикистон, балки барои обёрии заминҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосаро касб мекунад».                  Намояндаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 22 марти соли 2010 натиҷаҳои панҷсолаи аввали Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт 2005-2015» ҷамъбаст шуда, дар доираи салоҳияти Ассамблеяи генералӣ 22 марти соли 2010 барои амалӣ кардани нақшаҳои Даҳсолаи байналмиллалӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, сохторҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ Муколама дар сатҳи олӣ ташкил карда шавад.

Октябрь 8, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад