ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТ ДАР НӯҲМОҲА ЗИЁД ШУД

Октябрь 24, 2009 11:05

                 Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар нӯҳ моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 2 миллиарду 955 миллион маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 431 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов 23 октябри соли равон.                   Ӯ ҳамчунин афзуд, ки даромад аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба андозаи 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз як миллиарду 607 миллион сомони маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 54 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 292 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷроиши он 100,7 фоизи нақша иҷро шуд.                 Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми буҷети давлатӣ 3 миллиарду 847 миллион сомониро ташкил дод ва ба он аз ҳисоби маблағҳои махсус 175 миллион сомонӣ, аз ҳисоби грантҳо 142 миллион сомонӣ, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 204 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 371 миллион сомонӣ ҷалб гардид.                С. Наҷмуддинов, ҳамчунин оид ба чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он сухан кард. Аз ҷумла, зикр кард, ки новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба паст намудани шиддатнокии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, таъсири он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ бо сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам гардидани интиқоли маблағҳо аз хориҷӣ кишвар, паст гардидани ҳаҷми воридоти мол ҳоло ҳам назаррас мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи як миллиард доллари амрикоӣ кам гардид. 

Октябрь 24, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст