ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ ШАҲРӢ

Октябрь 2, 2009 16:09

                 Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо намуд.               Дар иҷлосия муовинони Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев ва Санавбар Раҳимова оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2009 ва амалӣ намудани сиёсати стратегия паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Барномаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт барои солҳои 2006-2010 ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт вобаста ба соли 2010 эълон гардидани соли маориф ва фарҳанги техникӣ ҳисобот медиҳанд.              Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили захираи молиявӣ барои сохтмони манзил» тағйирот ворид карда мешавад.                Интизор аст, ки як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷлосия тасдиқ хоҳанд шуд.

Октябрь 2, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд