ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ ШАҲРӢ
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо намуд. Дар иҷлосия муовинони Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев ва Санавбар Раҳимова оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2008-2009 ва амалӣ намудани сиёсати стратегия паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Барномаи инкишофи соҳаи маорифи пойтахт барои солҳои 2006-2010 ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт вобаста ба соли 2010 эълон гардидани соли маориф ва фарҳанги техникӣ ҳисобот медиҳанд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили захираи молиявӣ барои сохтмони манзил» тағйирот ворид карда мешавад. Интизор аст, ки як қатор Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷлосия тасдиқ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






