ДИПЛОМАТҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АНДОЗ МЕДИҲАНД Ё НЕ?

Октябрь 7, 2009 15:33

                 Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмедова). — Имрӯз дар ҷараёни машварати роҳбарони Муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис» — и Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи андоз, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон масъалаи гирифтани андоз аз ҷониби сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва ташкилоту муассисаҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон муҳокима карда шуд.                 Муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҷабборов қайд кард, ки: «Мақсади баргузории маҷлис муайян кардани меъёр ва роҳҳои пардохти андоз аз ҷониби корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Душанбе мебошад. Намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта ба қонунҳои дохилии он итоат мекунанд ва аз пардохти андоз озод нестанд».                  Ба иштирокчиёни маҷлис барои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ дар масъалаи пардохти андоз таклифу пешниҳодҳо карда шуд.

Октябрь 7, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд