ДИПЛОМАТҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АНДОЗ МЕДИҲАНД Ё НЕ?
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояаҳмедова). — Имрӯз дар ҷараёни машварати роҳбарони Муассисаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис» — и Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи андоз, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон масъалаи гирифтани андоз аз ҷониби сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва ташкилоту муассисаҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон муҳокима карда шуд. Муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҷабборов қайд кард, ки: «Мақсади баргузории маҷлис муайян кардани меъёр ва роҳҳои пардохти андоз аз ҷониби корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Душанбе мебошад. Намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта ба қонунҳои дохилии он итоат мекунанд ва аз пардохти андоз озод нестанд». Ба иштирокчиёни маҷлис барои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ дар масъалаи пардохти андоз таклифу пешниҳодҳо карда шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






