ДОВАРОН САБАҚ МЕГИРАНД

Октябрь 6, 2009 12:38

                 Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 5 октябр дар Душанбе бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии қароргоҳи марказии Конфедератсияи футболи байналмиллалӣ дар Колумбия семинари панҷрӯзаи байналхалқӣ барои доварони тоҷик оғоз гардид.                  Дар маросими кушодашавии семинар Раиси Федератсияи футболи мамлакат Сӯҳроб Қосимов, мутахассисони пешбари Конфедератсияи футболи байналмиллалӣ ва тренерон иштирок карданд.                Намояндаи раёсати доварони ФИФА Ориф Муҳаммад қайд кард, ки «чунин курсҳои таълимӣ дар минтақа маротибаи 12 баргузор мегардад. Чунин семинарҳо рӯзҳои наздик дар Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузаронида мешаванд».                   Айни ҳол дар ҳайати доварони Конфедератсияи футболи Осиё 8 нафар довари тоҷик шомил аст, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалии ФИФА ва КФО доварӣ мекунанд.  

Октябрь 6, 2009 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад