ДОВАРОН САБАҚ МЕГИРАНД
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 5 октябр дар Душанбе бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии қароргоҳи марказии Конфедератсияи футболи байналмиллалӣ дар Колумбия семинари панҷрӯзаи байналхалқӣ барои доварони тоҷик оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии семинар Раиси Федератсияи футболи мамлакат Сӯҳроб Қосимов, мутахассисони пешбари Конфедератсияи футболи байналмиллалӣ ва тренерон иштирок карданд. Намояндаи раёсати доварони ФИФА Ориф Муҳаммад қайд кард, ки «чунин курсҳои таълимӣ дар минтақа маротибаи 12 баргузор мегардад. Чунин семинарҳо рӯзҳои наздик дар Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузаронида мешаванд». Айни ҳол дар ҳайати доварони Конфедератсияи футболи Осиё 8 нафар довари тоҷик шомил аст, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалии ФИФА ва КФО доварӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






