ДУШАНБЕ МАКОНИ МУЛОҚОТ

Октябрь 17, 2009 11:32

                Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова). –                  Рӯзҳои 2 ва 3 ноябри соли ҷорӣ Симпозиуми роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор мешавад. Макони мулоқоти роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратӣ шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.                  Симпозиуми «Олмон ва Осиёи Марказӣ — ҳамкориҳои қавӣ барои таъмини бехатарӣ» бо иштироки роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Пулиси федеролии криминалии Олмон мегузарад.                Дар Симпозиум маърӯзаи вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар назар дошта шудааст. Симпозиум бо ташаббуси Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пулиси федеролии криминалии Олмон барпо мешавад.

Октябрь 17, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд