ДУШАНБЕ МАКОНИ МУЛОҚОТ
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояаҳмедова). – Рӯзҳои 2 ва 3 ноябри соли ҷорӣ Симпозиуми роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор мешавад. Макони мулоқоти роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратӣ шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Симпозиуми «Олмон ва Осиёи Марказӣ — ҳамкориҳои қавӣ барои таъмини бехатарӣ» бо иштироки роҳбарони мақомоти махсус ва ниҳодҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Пулиси федеролии криминалии Олмон мегузарад. Дар Симпозиум маърӯзаи вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар назар дошта шудааст. Симпозиум бо ташаббуси Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пулиси федеролии криминалии Олмон барпо мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






