ДУЗДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ КАМ МЕШАВАД

Октябрь 3, 2009 13:07

                 Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Аз рӯи маълумоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи мақомоти муҳофизи қонун дар миқёёси мамлакат миқдори ҳодисаҳои дуздӣ меафзояд. Хабар дода мешавад, ки миқдори ҷиноятҳои вобаста ба дуздӣ аз ҳисоби қонуншиканиҳои иқтисодӣ зиёд мегардад. Илова бар ин қисми зиёди чунин ҷиноятҳо хусусияти қаллобӣ доранд.                  Аз аввали сол то имрӯз дар миқёси мамлакат 2635 ҳодисаи дуздии амволи шахсӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта 7 нафар ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи дуздии моликияташон аризаи шикоятӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ шаш ҷиноят фош карда шуд.                   Дар дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 2635 ҳодисаи дуздии бақайдгирифташуда 2006 ҳодисаи дуздӣ сари вақт фош карда. дуздон ҷазо дода шуданд. Ин нисбат ба натиҷаи солҳои гузашта хеле зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки миқдори ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи дуздӣ дар Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам аст.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1 октябр Тоҷиддин Алиеви 15 — соларо дастгир намуданд. Ӯ дастгоҳи навтарини компютер (новтбук) ва дастгоҳи аккосии тамғаи «Канон» — и донишҷӯи соли 4 – уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Умед Шарифовро 24 сентябр аз мошини сабукраваш дуздидааст. Қайд карда шуд, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.

Октябрь 3, 2009 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад