Э. РАҲМОН ДАР ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИСМОИЛИЯИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИШТИРОК НАМУД

Октябрь 13, 2009 07:25

               12 уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуд.                Маросими ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилия бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони — 4 баргузор гашт.Дар маросими мазкур ҳамчунин масъулини зиёд аз Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва як зумра пайравони шохаи исмоилияи дини Ислом иштирок намуданд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилияро дар Тоҷикистон, ки нахустин чунин марказ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва 5 — умин дар ҷаҳон аст, ба онҳо табрику таҳният гуфт.                Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон кушода шудани маркази исмоилиёнро нишонаи возеҳ аз пайравӣ ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва гуногунрангӣ, ки дар таълимоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа мақоми марказӣ дорад, маънидод кард.                Ҳамчунин таъкид гардид, ки «ҳамаи мову шумо як Парвардигор, як Пайғамбар ва як Қуръон дорем ва дар зиндагии рӯҳонии ҳаррӯзаамон ҳамчун мӯъмин фармудаҳои онҳоро ба ҷо меорем. Аз ин лиҳоз, пайравони исмоилия низ бояд чун ҳамеша дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин ва азизтарини онҳо ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм фаъолона саҳм гузоранд».                  Хотирнишон карда шуд, ки «мо ҳамчун миллати талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида муҳимтар аз ҳама бояд сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем ва танҳо дар доираи Конститутсия ва қонун амал намоем».                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озодона риоя ва иҷро намудани расму оини миллию мазҳабӣ ва таъмин гаштани дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз самараҳои неку фараҳбахши истиқлоли давлатии кишвар ва оромию суботи ҷомеа арзёбӣ намуда, бори дигар ҳамагонро ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони муосир, фазои сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд.                  Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони — 4 низ дар навбати худ аҳли нишастро бо ин рӯйдоди муҳим табрику таҳният гуфта, вуҷуди фарҳангҳо ва расму ойини гуногуни мардумони мусулмонро аз фазилатҳои олами Ислом маънидод кард.                 Зимни шиносоӣ бо тарҳу намои дохилии бинои маркази фарҳангии исмоилиён, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо тарзу усулҳои бостонию муосири меъмории тоҷикӣ бунёд шуда, сақфи утоқу толорҳо бо чӯбкории хоси тоҷикони Бадахшон оро ёфтааст.                 Бунёди ин марказ, масҷиду чойхонаҳои боҳашамат ва дигар иншооти фарҳангӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон имрӯз ба назар мерасанд, намунаҳои возеҳи эҳё гаштани фарҳанги шаҳрдорию биносозӣ ва меъмории тоҷикон, ки таърихи чандҳазорсола дорад, арзёбӣ гардид. 

Октябрь 13, 2009 07:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад