Э. РАҲМОН ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИ МАРКАЗИИ ҲХДТ

Октябрь 24, 2009 12:12

                Имрӯз, 24-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба омодагӣ ба интихоботи парламент ба намояндагии мақомоти маҳаллӣ, пешбарии номзадҳо, инчунин таъмини фазои озоду шаффофи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ андешаронӣ намуд.                  Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ баҳри дар сатҳи баланду шаффоф ва озоду демократӣ ҷараён гирифтани интихоботи дар пешистода, ҳамзамон ба органи олии қонунбарори мамлакат шомил шудани фарзандони сазовору содиқи ватан талош меварзад.                  Аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар чаҳорчуби Конститутсия барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ амал намоянд ва ин маъракаи сиёсиро бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират, намунаи олии ваҳдату ҳамбастагии миллӣ, қабл аз ҳама дар рӯҳияи баланди ватанпарастию саҳмгирӣ дар ободию пешрафти Тоҷикистони навин истиқбол кунанд.                 Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки анҷумани X ҲХДТ 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Октябрь 24, 2009 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд