Э. РАҲМОН ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИ МАРКАЗИИ ҲХДТ
Имрӯз, 24-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба омодагӣ ба интихоботи парламент ба намояндагии мақомоти маҳаллӣ, пешбарии номзадҳо, инчунин таъмини фазои озоду шаффофи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ андешаронӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҲХДТ баҳри дар сатҳи баланду шаффоф ва озоду демократӣ ҷараён гирифтани интихоботи дар пешистода, ҳамзамон ба органи олии қонунбарори мамлакат шомил шудани фарзандони сазовору содиқи ватан талош меварзад. Аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар чаҳорчуби Конститутсия барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ амал намоянд ва ин маъракаи сиёсиро бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират, намунаи олии ваҳдату ҳамбастагии миллӣ, қабл аз ҳама дар рӯҳияи баланди ватанпарастию саҳмгирӣ дар ободию пешрафти Тоҷикистони навин истиқбол кунанд. Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки анҷумани X ҲХДТ 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






