Э. РАҲМОН ДЭВИД ПЕТРЕУСРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Октябрь 27, 2009 07:57

               26-уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт.              Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.               «Тоҷикистон ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон манфиатдор аст ва мо барои рушду густариши ҳамкориҳои судманд бо Амрико дар ин ва дигар арсаҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Дэвид Петреус нақши Тоҷикистонро дар таъмину устуворгардонии амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои марбутаи кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос кард.                Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин аз ҳамкории мутахассисони амрикоӣ, ки бо сарҳадбонон, кормандони гумрук ва дигар мақомоти кишвари мо ҳамкорӣ мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар доираи барномаҳои таълимӣ мо натанҳо нерӯҳои Тоҷикистонро меомӯзонем, балки худ низ аз таҷрибаи фарохи онҳо баҳравар мешавем».                 Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд.

Октябрь 27, 2009 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд