Э. РАҲМОН ЛОИҲАИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ» ПЕШНИҲОД ҚАРД
26 у ми октябри соли 2009 мутобиқи моддаҳои 58 ва 59-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба муносибати 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ – мадорою муросо, раҳму шавқат, таҳаммулпазирӣ, ки аз таълимоти ин фақеҳи бузурги олами ислом бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари амалӣ гардонидани меъёрҳои бунёдии Конститутсияи давлати мо яке аз тадбирҳои бевоситаи татбиқи ғояҳои инсондӯстии таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Конститутсия қонуни асосии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, он сарчашмаи низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, муайянкунанда, ҳифз ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст ва воқеан амалишавии онҳоро тавассути бевосита амалӣ гардидани меъёрҳои худ таъмин менамояд. Тибқи фармудаҳои Имоми Аъзам, ки аз Қуръони маҷид ва ҳадиси набавӣ бармеоянд, инсон волотарин офаридаи илоҳӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайваста барои озодии инсон ва ободии рӯзгори мардум барномаҳои муҳими давлатиро таҳия ва амалӣ менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 25 модда иборат буда, нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ мегардад. Мувофиқи маълумоти пешакии мақомоти марбута Қонуни мазкур нисбати беш аз 10000 ашхос татбиқ карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд.








Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид






