Э. РАҲМОН ЛОИҲАИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ» ПЕШНИҲОД ҚАРД

Октябрь 26, 2009 14:13

                26 у ми октябри соли 2009 мутобиқи моддаҳои 58 ва 59-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.                 Лоиҳаи қонуни мазкур ба муносибати 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ – мадорою муросо, раҳму шавқат, таҳаммулпазирӣ, ки аз таълимоти ин фақеҳи бузурги олами ислом бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.                  Таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари амалӣ гардонидани меъёрҳои бунёдии Конститутсияи давлати мо яке аз тадбирҳои бевоситаи татбиқи ғояҳои инсондӯстии таълимоти Имоми Аъзам мебошад.                  Конститутсия қонуни асосии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, он сарчашмаи низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, муайянкунанда, ҳифз ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст ва воқеан амалишавии онҳоро тавассути бевосита амалӣ гардидани меъёрҳои худ таъмин менамояд. Тибқи фармудаҳои Имоми Аъзам, ки аз Қуръони маҷид ва ҳадиси набавӣ бармеоянд, инсон волотарин офаридаи илоҳӣ ба шумор меравад.                 Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайваста барои озодии инсон ва ободии рӯзгори мардум барномаҳои муҳими давлатиро таҳия ва амалӣ менамояд.                   Лоиҳаи қонуни мазкур аз 25 модда иборат буда, нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ мегардад.                    Мувофиқи маълумоти пешакии мақомоти марбута Қонуни мазкур нисбати беш аз 10000 ашхос татбиқ карда мешавад.                   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд. 

Октябрь 26, 2009 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд