Э. РАҲМОН МЕҲМОНОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
04 -уми октябри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб як зумра меҳмонони олимақомро аз давлатҳои Афғонистон, Эрон, Русия, Ироқ, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки таҳти раҳбарии собиқ Президент ва имрӯза Раиси Палатаи болоии Парлумони кишвар Сибғатулло Муҷаддадӣ баҳри иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Осори Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯйи тамаддунҳо» ташриф овардаанд, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ба хотири таҳкими амнияту субот дар минтақа ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаи энергетика таъкид намуданд. Ҷониби Афғонистон аз ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам, ки бори нахуст дар таърихи дини Ислом дар чунин сатҳ ва бо чунин миқёси васеъ таҷлил мегардад, арзи сипосу шодмонӣ карданд. Зимни сӯҳбат бо Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба умури аҳли суннат Муҳаммад Исҳоқи Маданӣ масоили густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла динии ду кишвари ҳамзабон баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ба Тоҷикистон баҳри иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Осори Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯйи тамаддунҳо» беш аз 20 нафар роҳбарони донишгоҳҳо ва олимони намоёни улуми диншиносӣ аз ҷумлаи аҳли суннат ва ҳам ташайюъ ташриф овардаанд. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаббуси Тоҷикистонро оид ба бузургдошти олиму фақеҳи барҷаста Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит арзандаи таҳсину қадрдонӣ номида, аз имкони васеи гуфтугӯю мулоқотҳо ва сӯҳбатҳои илмие, ки дар зимни он сурат мегиранд, изҳори хушнудӣ намуданд. Ҳайати Федератсияи Русия, ки аз 20 нафар иборат аст, ба Тоҷикистон таҳти сарварии Директори Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин ташриф овардааст ва ба он олимони машҳуру шинохтаи улуми шарқшиносӣ ва исломшиносӣ аз минтақаҳои гуногуни ин кишвари паҳновар шомил гаштаанд. Онҳо баргузории Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзамро майдони хуби баҳсу мунозироти илмӣ ва мусоидати фаъол ба гуфтугӯйи тамаддунҳо арзёбӣ намуда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми накӯ арзи сипос намуданд. Ба гуфти Муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим як худи бо ибтикори роҳбари аввали давлат роҳандозӣ шудани чунин тадбири фарохи илмию маърифатӣ боиси дар сатҳи баланд ва бисёр умедбахш баргузор гаштани он аст ва ҳамчунин боиси умедворӣ аст, ки натиҷаҳои он низ муассиру таърихӣ хоҳанд буд. Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар Симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам наздики 20 нафар олимону сиёсатмадорони баландпоя намояндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо донандагон ва арҷгузорандагони забону фарҳанги мардуми тоҷик мебошанд. Сӯҳбати ошкору самимии дигар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хамчунин бо ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки беш аз 100 миллион аҳолиаш мусулмонон мебошанд, анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб ҳамчунин намояндагони давлатҳои Ироқ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Арабистони Саудию Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳузур пазируфт.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






