ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ КЕННЕТ ГРОСС ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Октябрь 2, 2009 13:28

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс эътимоднома қабул намуд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо сафири нав, ки баъди маросими қабули эътимоднома сурат гирифт, аз «авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон» будани муносибот бо Амрикоро таъкид намуд.                  Кеннет Гросс изҳор дошт, ки «сафорати Амрико баҳри тавсиаи бештари ҳамгироии ду кишвар ва истифода аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду кӯшиш ба харҷ медиҳад».                    Аз сатҳи ҳамкории сиёсиву амниятии ду кишвар ва судоварии робитаҳои мустақими миёни сохторҳои дипломатӣ, низомӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                  Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон бинобар нақши муҳимаш дар таъмини амнияти минтақавӣ ба кӯмакҳои бештари Амрико ва дигар кишварҳою созмонҳои мададрасон ниёз дорад.                 Зикр гардид, ки сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри азхуднамоии захираҳои гидроэнергетикии он метавонад ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва кулли минтақа низ суди зиёд оварад.                 Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, маориф ва илму техника ҳам таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.                  Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд. 

Октябрь 2, 2009 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд