ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ БЕМОРХОНАҲОИ МУОСИР ТАШКИЛ МЕКУНАД

Октябрь 10, 2009 11:19

                  Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе 4 дармонгоҳи муосири гуногуншакл барои муолиҷаи бемориҳои душвортабобатро ташкил намояд», гуфт зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст.                  Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахши устувор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ карданд. Мусоҳибон истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҳар ду кишварро дар бахшҳои гуногуни рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт афзалиятнок арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии дар доираи қонунгузории Тоҷикистон фароҳамоварда, имкон медиҳанд, ки тасмимоти мазкур дар амал татбиқ гарданд.                   Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои дигари таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд.

Октябрь 10, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд