ФАКУЛТА ДОРОИ ОЗМОИШГОҲҲО ШУД
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар факултаи тайёр кардани технологияи маҳсулоти хӯроквории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 озмоишгоҳи кимиёвӣ барои ташхис кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва технологияи тайёр кардани онҳо ба истифода дода шуд. Лабораторияҳои мазкур бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон насб карда шудааст. Дар байни онҳо озмоишгоҳи маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, озмоишгоҳи об, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, озмоишгоҳи маҳсулоти ғаллагӣ ва қаннодӣ, озмоишгоҳи маҳсулоти консерва, равған ва чарм ташкил карда шудааст. Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмоишгоҳҳо истеҳсоли кишварҳои Русия, Чин ва Олмон буда, дар омода намудани мутахассисони баландтаҷрибаи соҳаи тайёр кардани технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ нақши муассир мегузоранд. Минбаъд донишҷӯёни факултаи мазкур ба Агентии «Тоҷикистандарт» нарафта, дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ таҷриба мегузаронанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






