ФАКУЛТА ДОРОИ ОЗМОИШГОҲҲО ШУД

Октябрь 15, 2009 10:51

                Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар факултаи тайёр кардани технологияи маҳсулоти хӯроквории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 озмоишгоҳи кимиёвӣ барои ташхис кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва технологияи тайёр кардани онҳо ба истифода дода шуд.                 Лабораторияҳои мазкур бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон насб карда шудааст. Дар байни онҳо озмоишгоҳи маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, озмоишгоҳи об, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, озмоишгоҳи маҳсулоти ғаллагӣ ва қаннодӣ, озмоишгоҳи маҳсулоти консерва, равған ва чарм ташкил карда шудааст.                 Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмоишгоҳҳо истеҳсоли кишварҳои Русия, Чин ва Олмон буда, дар омода намудани мутахассисони баландтаҷрибаи соҳаи тайёр кардани технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ нақши муассир мегузоранд. Минбаъд донишҷӯёни факултаи мазкур ба Агентии «Тоҷикистандарт» нарафта, дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ таҷриба мегузаронанд.

Октябрь 15, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд