ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШИ МАРЗБОНОН

Октябрь 3, 2009 12:03

                   Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Аз рӯи маълумоти Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти махсуси дар минтақаҳои наздисарҳадии мамлакат гузаронидашуда, дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли равон 864 килограмму 504 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла, 105 килограмму 776 грамм героин, 552 килограмму 482 грамм канабис, 206 килограмму 300 грамм афюни хом мусодира карда ва 1172967 бех ниҳоли кӯкнори худрӯй несту нобуд карда шуд.                   Дар ин муддат 7 қочоқчии маводи нашъадор дастгир намуда, 199 кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ намуда, 42 вайронкунандаи сарҳад, 831 вайронкунандаи тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба даст афтоданд.                  Марзбонони мамлакат дар давоми 9 моҳи гузашта 46 мил аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, 26 автомат, 13 карабин, як пулемёт, як мил аслиҳаи ҷанги гурӯҳӣ, 646 адад лавозимоти ҷангӣ ва 472 тирро мусодира намуданд. 

Октябрь 3, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд