ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШИ МАРЗБОНОН
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Аз рӯи маълумоти Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти махсуси дар минтақаҳои наздисарҳадии мамлакат гузаронидашуда, дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли равон 864 килограмму 504 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла, 105 килограмму 776 грамм героин, 552 килограмму 482 грамм канабис, 206 килограмму 300 грамм афюни хом мусодира карда ва 1172967 бех ниҳоли кӯкнори худрӯй несту нобуд карда шуд. Дар ин муддат 7 қочоқчии маводи нашъадор дастгир намуда, 199 кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ намуда, 42 вайронкунандаи сарҳад, 831 вайронкунандаи тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба даст афтоданд. Марзбонони мамлакат дар давоми 9 моҳи гузашта 46 мил аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла, 26 автомат, 13 карабин, як пулемёт, як мил аслиҳаи ҷанги гурӯҳӣ, 646 адад лавозимоти ҷангӣ ва 472 тирро мусодира намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






