ФАРМОИШИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМО БА ВОСИТАИ ИНТЕРНЕТ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» дар саҳифаи интернетии худ (www.somonair.com) усули нави фармоиш ва харидани чиптаи ҳавопаймоҳоро ҷорӣ намуд. Аз дафтари матбуоти ширкати ҳавонавардӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мусофирон метавонанд аз хизмати кормандони кассаҳои чиптафурӯшӣ истифода набурда, дар хонаашон сари компютер нишаста, ба хати дилхоҳи парвози ҳавопаймо чипта фармоиш дода, вақт ва нархи дилхоҳи онро интихоб намоянд. Дар ин маврид сабти шиноснома ва рақами телефонии мизоҷон ҳатмӣ мебошад. Илова бар ин онҳо бояд чиптаи ҳавопайморо баъди фармоиш додан дар давоми шабонарӯзи наздиктарин аз кассаҳои чиптафурӯшӣ харанд. Дар акси ҳол фармоиши онҳо бекор карда мешавад. Чунин тартиби фармоиш додани чиптаҳои ҳавопаймо кори мусофиронро осон мегардонад. Ба ин васила онҳо вақти худро сарфа мекунанд. Бояд гуфт, ки фармоиши чиптаи ҳавопаймо дераш 72 соат пеш аз парвози ҳавопаймо имконнопазир мебошад. Айни ҳол мутахассисони ширкат роҳу усулҳои ба воситаи Интернет фурӯхтани чиптаҳоро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Ин хариди чиптаҳоро аз тарафи мусофирон хеле осон хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид






