ФАРМОИШИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМО БА ВОСИТАИ ИНТЕРНЕТ

Октябрь 5, 2009 17:21

                Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» дар саҳифаи интернетии худ (www.somonair.com) усули нави фармоиш ва харидани чиптаи ҳавопаймоҳоро ҷорӣ намуд.                Аз дафтари матбуоти ширкати ҳавонавардӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мусофирон метавонанд аз хизмати кормандони кассаҳои чиптафурӯшӣ истифода набурда, дар хонаашон сари компютер нишаста, ба хати дилхоҳи парвози ҳавопаймо чипта фармоиш дода, вақт ва нархи дилхоҳи онро интихоб намоянд. Дар ин маврид сабти шиноснома ва рақами телефонии мизоҷон ҳатмӣ мебошад. Илова бар ин онҳо бояд чиптаи ҳавопайморо баъди фармоиш додан дар давоми шабонарӯзи наздиктарин аз кассаҳои чиптафурӯшӣ харанд. Дар акси ҳол фармоиши онҳо бекор карда мешавад.                Чунин тартиби фармоиш додани чиптаҳои ҳавопаймо кори мусофиронро осон мегардонад. Ба ин васила онҳо вақти худро сарфа мекунанд. Бояд гуфт, ки фармоиши чиптаи ҳавопаймо дераш 72 соат пеш аз парвози ҳавопаймо имконнопазир мебошад.                  Айни ҳол мутахассисони ширкат роҳу усулҳои ба воситаи Интернет фурӯхтани чиптаҳоро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Ин хариди чиптаҳоро аз тарафи мусофирон хеле осон хоҳад кард.

Октябрь 5, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид