ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИК БА КАТМАНДУ МЕРАВАНД

Октябрь 2, 2009 12:11

                   Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 5 то 15 октябри соли равон дар пойтахти Непал – шаҳри Катманду мусобиқаи ихтисосии дастаҳои футболбозони навраси то 16 – солаи мамлакатҳои Осиё баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа ба гурӯҳи «В» дохил карда шуданд. Дар ин гурӯҳ бо футболбозони навраси тоҷик варзишгарони Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва ҷазираҳои Малдив қувваозмоӣ хоҳанд кард.                     Тибқи нақша қувваозмоии футболбозони навраси тоҷик бо футболбозони Эрон 7 октябр, бо футболбозони Лубнон 10 октябр, бо футболбозони ҷазираҳои Малдив 12 октябр ва бо футболбозони Непал 15 октябр баргузор мегардад.

Октябрь 2, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд