ГЕОЛОГҲО ҶОЙҲОИ ХАВФНОКРО МУЙЯН КАРДАНД

Октябрь 12, 2009 08:32

                Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, дар 9 моҳи соли 2009 аз рӯи дархости вазорату идораҳо дар 110 деҳаи аҳолинишини ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Файзобод, Ваҳдатд, Рӯдакӣ, Панҷ, Шаҳритус ва шаҳрҳои Нораку Турсунзода тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани ин тадқиқот, аз ҷониби геологҳо пешниҳод гардид, ки 134 оила аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд.                Дар 192 деҳаи аҳолинишини ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Вахш, Ваҳдат, Файзобод, шаҳри Норак ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадқиқоти муҳандисӣ — геологии нақшавӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон дод, ки дар ноҳияҳои Файзобод ва шаҳрҳои Ваҳдату Норак асосан хавфи ярч, сел зиёд буда, замини ин минтақаҳо гирифтори эрозия мебошад.                 Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ хавфи сел, тармафуроӣ ва афтидани сангҳо дар минтақаҳои аҳолинишин мушоҳида гардид. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур пешниҳод карда шуд, ки аҳолии минтақаҳои хавфнок ҳарчӣ зудтар аз ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд.  

Октябрь 12, 2009 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд