ГУНАҲГОРОН ДАР КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШАСТАНД
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гунаҳгорони садамаи нерӯгоҳи Қайроққум ба курсии айбдорӣ шинонда шуданд. Боис ба ёдоварист, ки 13 – 14 уми январи соли 2009 дар истгоҳи барқи обии Қайроққум садама рух дод, ки дар натиҷа 30 фоизи аҳолии вилояти Суғд дар зимистони қаҳратун бе рӯшноӣ ва гармӣ монд. Акнун суди вилояти Суғд парвандаи ҷиноии собиқ директори нерӯгоҳ Сироҷ Пулотов, сармуҳандис Сӯҳроб Мамадҷонов, сардори толори гидромашинаҳо Рашид Тӯхтамуродов, сардори басти нерӯгоҳ Мақсуд Абдуллоевро бо модаи 391 (сӯистифода аз мақоми хизматӣ), 322 (хунукназарӣ) баррасӣ намуда, сабабҳои садама ва гунаҳгории судшавандаҳоро собит мекунад. Нерӯгоҳи мазкур аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ 500 млн. кВт соат мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






