ГУРӮҲИ КОРӢ БА ӮШ РАФТ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – 1 октябр гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Маҳмадулло Ҳакимов барои иштирок дар мулоқоти корӣ бо намояндагони Вазорати вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон ба шаҳри Ӯш рафт. Мулоқоти мазкур дар доираи амалӣ сохтани созишномаи комиссияҳои ҳукуматии хар ду мамлакат дар бораи пешгирӣ ва барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот нақшаи ҳамкории вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон дар мавриди рух додани вазъияти фавқулодда ва гузаронидани машқҳои гуногун мувофиқа карда мешавад. Ҳайати вазорати вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини вазир Муқамбет Қосималиев 18 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мулоқот карда буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






