ГУЗАШТАН БА ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ИН САРФАКОРИСТ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гузаштан ба лампаҳои каммасраф сарфаи нерӯи барқро аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 млрд. 120 млн. кам хоҳад кард. Агар ба таври дигар гӯем, ин сарфакорӣ ба ҳаҷми истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 810 мег.Ват баробар аст,- иброз доштанд дар ширкати «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаслҳои тирамоҳу зимистон норасоии барқ ба 4 – 4,5 млрд. кВт соат мерасад. Ба лампаҳои каммасраф гузаштан алҳол наметавонад, ки дар фасли зимистон аз рӯи лимит додани барқро аз байн бардорад, вале он метавонад ба кори барқчиён сабукиҳои зиёд орад. Аз ҷумла, бори трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ хеле сабук гардида, садамаҳои барқиро дар кори онҳо 2 – 3 маротиба кам мекунад. Аз рӯи ҳисобу китоби мутахассисон дар як сол садамаи 100 – 120 трансформаторҳои пуриқтидор, ки ҳар кадоми он 60 – 80 ҳазор доллар қиммат дорад, кам мегардад, ки аз ин ҳисоб давлат беш аз як миллион доллари амрикоӣ фоида мебинад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






