ХАБАРИ ХУШИ АЗ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Таъмини амнияти озуқаворӣ аз соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Дар нишасти матбуотие, ки Вазорати кишоварзӣ ба муносибати дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба даст овардани ҳосили 1 млн. 97 ҳазор тонна ғалла баргузор намуд, қариб тамоми хабаргузориҳои дохилу хориҷи кишвар иштирок доштанд. -Бори аввал кишоварзони ҷумҳурӣ дар таърихи ба даст овардани истиқлолият ба чунин натиҷаи баланди ҳосили ғалладона ноил гардиданд,- иброз дошт сардори Раёсати сиёсати иқтисодии Вазорати кишоварзӣ Сафар Маҳаммадиев. Дар ба даст овардани ҳосили фаровони ғалладонагиҳо, махсусан гандум деҳқонону кишоварзони вилоятҳои Хатлону Суғд саҳми арзанда гузоштанд. Ба гуфти С. Муҳаммадиев, дар сурати пурра ҷамъоварӣ шудани ҳосили умумии ғалладона бо кишти такрорӣ дар кишвар ҳосили ғалладонагиҳо ба 1 млн. 200 ҳазор тонна расонида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






